ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. Ҷамъи 14: дар Тоҷикистон толорҳои алоқа зиёдтар шуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли панҷ моҳи соли 2023 МегаФон Тоҷикистон 14 толори нави фирмавиро ифтитоҳ намуд. Шабакаи фурӯши ширкатро нуқтаҳо дар Душанбе ва НТМ, Хатлон ва вилояти Суғд пурра намуданд. Хизматрасониҳои онҳо ҳам ба муштариён, ҳам ба сокинони дигари мамлакат нигаронида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хабар доданд.
Миқдори хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии ширкат пайваста афзоиш меёбад. Дар толорҳои алоқа сокинон имкон доранд, ки тавозуни телефонро пур кунанд, қарзҳо ва маблағи хизматрасониҳои ХКМ-ро пардохт кунанд, маблағ интиқол диҳанд, дастгоҳҳои мобилӣ харанд.
Мутахассисони МегаФон ҳамеша омода ҳастанд, ки оид ба тарзи пайвасткунии интернети ноқилии хонагӣ ё дастраскунии маблағи нақд аз корт бо ёрии хизматрасонии «Cash Out” маълумот диҳанд. Амали охиринро инчунин метавон бевосита дар толори оператор бо пешниҳоди шиноснома ва корти бонкии худ «Корти миллӣ” анҷом дод. Барои истифода аз бисёри хизматрасониҳо мизоҷи ширкат будан шарти ҳатмӣ нест.
Оператори имкониятҳои нави рақамӣ толорҳоро дар тамоми ҷумҳурӣ ифтитоҳ менамояд. Аз оғози сол ҳафт суроға дар харитаи Суғд ва чор суроғаи дигар дар харитаи Хатлон пайдо шуданд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабакаи фурӯшҳо бо идораҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав пурра гардиданд. Дар шаҳри Душанбе толорҳои нав дар ноҳияи Фирдавсӣ – кӯчаи Саъдии Шерозӣ 6 таъсис ёфтааснд
Интихоби ҷойҳо барои толорҳои фирмавӣ на танҳо бо теъдоди муштариёни дар наздикӣ истиқоматкунанда муайян карда мешавад. “Сокинони ноҳияҳо ба шаҳракҳо омада харид мекунанд, ё аз муассисаҳои давлатӣ боздид менамоянд. Толорҳои мо асосан дар наздикии мағозаю бозорҳо, бонкҳо ва биноҳои маъмурӣ қарор гирифтаанд. Ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои “мобилӣ” ва маишӣ раҳораҳ, ҳамчуноне, ки мизоҷон аз мегаполису марказҳои ноҳиявӣ мекунанд, ҳал карда шаванд”, — шарҳ медиҳад роҳбари хадамоти фурӯшҳо ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Сунатулло БОБОЕВ.
Суроғаи наздиктарин толори фирмавии алоқаро метавон аз сомонаи оператор пайдо намуд.
АКС: «МегаФон Тоҷикистон»








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






