20 ИЮЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ. Моҳи август дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба шоҳмот доир мешавад

Июль 20, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25-27 август дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор мегардад. Ҳамзамон аз 1 то 4 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот доир мешавад. Дар онҳо беҳтарин шоҳмотбозони ҷавон аз давлатҳои гуногуни дунё иштирок хоҳанд намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.  

20 июл ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шоҳмот маҳсуб мешавад.  Шоҳмот яке аз бозиҳои қадимтарини миллии тоҷикон буда, дар асри шаш пайдо шудааст. Баъзе муҳаққиқон бар он назаранд, ки шоҳмот таърихи 1400-сола дорад. Таърихшиносон пайдоиши шоҳмотро ба асри VI мелодӣ нисбат медиҳанд.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар шаш моҳи  соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1876 маротиба мусобиқаи шоҳмоту шашка байни кормандони ташкилоту идора доир шуд, ки дар онҳо 20 ҳазору 724 нафар, аз ҷумла 5560 нафар занону духтарон фаъолона иштирок намуданд.

Ин намуди варзиш тайи солҳои охир бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфтааст. Пешвои миллат зарурат ва манфиати бозии шоҳмотро ба майнаи сари инсон ба инобат гирифта, 30 августи соли 2017  дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни  суханронӣ ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш доданд, ки  дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарси шоҳмот ба роҳ монда шавад.  Зеро шоҳмот бозии миллӣ буда, ба андешаи олимон, ин намуди бозӣ  зеҳни инсонро рушд медиҳад.

Як иқдоми назаррас барои рушди ин навъи варзиш баргузории Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» мебошад. Он соли гузашта байни кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои мамлакат доир гардида, ҳаҷми мукофотпулии он 100 ҳазор сомониро ташкил дод.

Барои тарбия намудани шоҳмотбозони болаёқат дар ҷумҳурӣ соли 1992 Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон таъсис ёфт, ки узви Федератсияи байналмилалии шоҳмот мебошад. Федератсияи шоҳмот аз лаҳзаи таъсис то имрӯз  ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, ҷавонону наврасон аз рӯи ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва номбардори халқу Ватан гардидаанд.

Яке аз онҳо шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов мебошад, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, чемпиони Осиё дар байни ҷавонон (1992), ғолиби озмунҳои «Москва- Open», чемпиони Русия (2007), ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд, Озарбойҷон (2016) ва Ҳиндустон (2017) мебошад.

Шоҳмотбози дигаре, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст, Сабрина Абророва мебошад, ки  соли 2019 дар Бозиҳои 5-уми ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия дар бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар  ин  мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё иштирок доштанд, вале Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб омад ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дода,  бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш ба рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.

Бозии шоҳмот на танҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯ, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд.

Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад. Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд