«Амирӣ», «Сиёма», «Шири Данғара» ва «Дӯсти Алишер» ғолибони Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ ҷамъбаст гардид. Дар асоси баҳогузории ҳакамон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амирӣ» дар «Номинатсияи қаннодӣ», ширкати«Сиёма» дар «Номинатсияи обҳои ташнагишикан», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» дар «Номинатсияи дӯғоб» ва ширкати «Дӯсти Алишер» дар «Номинатсияи яхмос» ғолибони Фестивали мазкур дониста шуда, сазовори ҷойҳои якум гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистьон иттилоъ доданд, ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии яхмос, дӯғоб, шарбати мева, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ дар маросими тантанавӣ бо «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Фестивал муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода иштирок намуда, баргузории Фестивали ҷумҳуриявиро такони ҷиддӣ барои дар оянда иштирок дар фестивалҳои сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.
«Ҳадаф аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии яхмос, дӯғоб, шарбати мева, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ ин баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию саноатӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ватанӣ, рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ва содироти ин навъи маҳслуот ба ҳориҷи мамлакат мебошад»,-тазаккур дод ў.
Бояд илова кард, ки дар даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявӣ намоиши беҳтарин маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, назири маҳсулоти қаннодӣ, яхмос, дӯғоб, шарбати меваҳо ва обҳои гуногуни ташнагишикан доир гардид.
АКС:Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






