«АНДАЛЕБ-2023». Дар ноҳияи Ашт Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
Фестивал-озмун дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, аз рӯи 12 бахш баргузор шуд.
Дар фестивал-озмун ба ҳунармандону иштирокдорон 105 хол сазовор дониста шуд.
Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023»- рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани сатҳи ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба беҳтарин бахшу иштирокчиёни фестивал-озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






