«АНДАЛЕБ-2023». Дар шаҳри Турсунзода даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар шаҳри Турсунзода даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Аслиддин Буриев хабар дод.
Дар озмун аъзои ҳакамон ва роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, пеш аз оғози фестивал ҳакамон бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳри Турсунзода шинос шуданд. Яке аз шартҳои ин озмун баргузор намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар натиҷа аъзои ҳакамон ба намоишномаи ҳунарие, ки ҳунармандони шаҳри Турсунзода омода намуда буданд, 111, 75 хол баҳо гузоштанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории он- намоиш додани дастовардҳои ҳунариву фарҳангии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода













ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






