Дар Душанбе Барномаи нави индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 муаррифӣ гардид

Июль 22, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо  Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027-ро муаррифӣ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.

Дар чорабинӣ нахуст  ба иштирокчиён рӯнамои муфассали Барномаи нави  бисёрсолаи индикативии Иттиҳод барои солҳои 2021-2027 пешниҳод  шуд, ки дар доираи он самтҳои нави умедбахши ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, расонидани кумаки техникӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти экологӣ баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи қаблии худ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро ҷудо намуда, инчунин бо дарназардошти паҳншавии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иҷтимоӣ иловатан 48 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо намуд.

Пас аз анҷоми  машварат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳам густариш ва истифодаи самарабахши ҳамкории бисёрҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт идома диҳанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 22, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид