Дар Душанбе «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тақвият бахшидани раванди муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам яке аз ҳадафҳои асосии «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мебошад. Айни ҳол ба 13 давлати ҷаҳон муҳоҷирони меҳнатӣ сафар менамоянд. Чунин таъкид гардид дар мизи мудаввар, ки вобаста ба муаррифии Стратегияи мазкур 21 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони Воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки 30 июни соли равон қабул шудааст, рўнамоӣ гардида, ҳамзамон аҳамият, мафҳум ва ҷанбаҳои татбиқи он баррасӣ шуд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки бо мақсади ба танзим дарованди раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат Стратегияи мазкурро қабул намуд, ки он тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки Стратегияи мазкур иқдомоти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ барои Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират, бо ба инобат гирифтани шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбии устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ, таҳия гардидааст.
Ин Страгеия дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати экологӣ, гурезагон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониториинг ва арзёбии Стратегия ва ғайраҳо, аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме ҳастанд, ки бояд дар доираи ин Стратегия амалӣ шаванд.
Бояд гуфт, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






