Дар маркази шаҳраки Ҳисор хати нави оби нӯшокӣ насб гардид

Июль 26, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар ҷамоати шаҳраки Ҳисори  шаҳри Ҳисор хати нави оби нӯшокӣ  ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки сокинони беш аз 2000-нафараи маҳаллаҳои Боқӣ Раҳимзода, Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор, ки дар  400 хоҷагӣ муттаҳид шудаанд, муддати зиёд аз норасоии об танқисӣ мекашиданд. Баъзан биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рӯзҳову ҳафтаҳо аз сабаби нокифоя будани фишори зарурӣ дар хатҳои об ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва ин мушкилӣ боиси шикояти рӯзафзуни сокинони маҳаллаҳои номбурда ба мақомот ва идораҳои дахлдор гардида буд.

“Бо ташаббуси шаҳрдорӣ барои кашидани хати оби нӯшокӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 75 ҳазор сомонӣ ва минтақаи истеҳсолӣ, техникии обтқсимкунӣ ва канализатсия дар шаҳр 30 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ ҷудо намуда, дар муддати кӯтоҳ  корҳои насбу васли таҷҳизот ва қубурҳоро ба анҷом расониданд”,- иброз дошт сардори идораи обу канализатсияи шаҳр Аъзам Гиёзода.

Собиқадори меҳнат Ҳабибулло Ҳусейнов бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми шаҳрдорӣ бо хушнуди истиқбол намуда, миннатдории сокини шаҳракро иброз дошт.

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айнӣ Сафоат Пармонова ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои мумфарш намудани роҳи муассиса, ки ба наздикӣ анҷом ёфт ва насби хати оби нӯшокӣ ба маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода, ки муассиса дар ҳудуди он ҷойгир аст, аз номи ҳайати омӯзгорони муассиса арзи сипос намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 26, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд