Дар ноҳияи Деваштич маъракаи ғалладаравӣ идома дорад
СУҒД, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тирамоҳи соли сипаришуда ва аввали баҳори соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи дурдасти Деваштич дар майдони зиёда аз 28 ҳазору 460 гектар ғалладонагӣ кишт шуд. Имрӯз кишоварзони минтақаи поёни ноҳия дастранҷи хешро тавассути 60 комбайни ғалладарав бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои пешрафтаи агротехникӣ даравида, дар раванди таъмини бозори истеъмолӣ захираи дусолаи хонаводагиро таъмин намуда истодаанд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич.
«Тирамоҳи соли сипаришуда деҳқонон дар майдони 8 ҳазору 600 гектар ва аввали баҳори соли равон дар майдони зиёда аз 20 ҳазор гектар тухмиҳои элитӣ ва репродуксияҳои якуми ҷаву гандум ва дигар ғалладонагиро кишту парвариш намуданд. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раёсати кишоварзӣ имрӯз ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҷаву гандум ва доир намудани кишти такрории дигар намуди зироат нақшаи чорабинии мушаххас тартиб дода шуда, аз комбайнҳо ва дигар таҷҳизоту воситаҳои ҷамъоварандаю тойбанд ва техникаҳои боркашон пурсамар истифода намуда истодаанд,- иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия М.Мирзоев.
Маъракаи ғалладаравӣ дар Ҷамоати деҳоти “Яхтан” ба охир расида, деҳқонони Ҷамоати деҳоти “Ғазантарак” ва ҷамоати шаҳраки “Ғончӣ” онро ба итмом расониданд.
Ҳамарӯза дар ғаллазори хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 60-64 комбайни ғалладарав фаъол буда, майдони 1800-2000 гектарро бо сифати баланд дарав менамоянд. Ҳосилнокии майдонҳо ба ҳисоби миёна 22 сентнерро ташкил дода, дар заминҳои обии минтақаи И.Сомонӣ, Ваҳдат, Далёни Боло аз 70 то 80 сентрро ташкил медиҳад.
“Имрӯзҳо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ ва коргарону иҷоракорони кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратӣ бо мақсади ҳарчӣ тезтар анҷом додани маъракаи дарав коҳу пахоли майдонҳоро ҷамъоварию той баста, тавассути нақлиёти боркаш ва ядакҳои тракторӣ дар анборҳо захира месозанд,- илова намуд М.Мирзоев.
Ғаллакорон ҷиҳати пешгирии сӯхтори ногаҳонӣ ва бунёди хатҳои муҳофизатӣ дар атрофи ғаллазор кишти зироати техникиву сабзавотро ба роҳ мондаанд. Туфайли ташкили шароити муътадили корӣ то ин вақт дар ноҳия зиёда аз 18 ҳазор гектар бо сифати баланд дарав гардида, ҳосилнокии майдонҳо ба ҳисоби миёна аз 22 то 45 сентнерро ташкил медиҳад.
Акс: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич













Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






