Дар Норак масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва зери назорат қарор додани онҳоро баррасӣ намуданд
НОРАК, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо соҳибкорони бозори «Сомониён»-и шаҳр мулоқот намуд, ки дар он зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълиму тарбияи насли наврас, ба шуғли босамар фаро гирифтани онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ оид ба раванди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» маълумот пешниҳод гардида, гуфта шуд, ки терроризм, экстремизм ва бегонапарастӣ яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат дар ин самт ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода изҳор дошт, ки дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд. Онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.
Дар ин робита номбурда иштирокдоронро даъват намуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, аз аҳволи онҳо ҳамеша бохабар бошанд.
«Фарзандони Шумо бо кӣ ва дар куҷо вақти худро мегузаронанд? Онҳо ба кадом кор майлу рағбат ва шуғл доранд? Чӣ бояд кард, ки онҳо вақти худро беҳуда нагузаронанд? Ин суолҳое мебошанд, ки ҳар як фард бояд имрўз ба он посух дода тавонад. Зеро бемасъулиятии мову шумо дар таълиму тарбияи фарзанд ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад»,- таъкид кард Зуҳро Ҳакимзода.
Дар охир баён гардид, ки терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Моро зарур аст ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?






