Дар Покистон бар асари ҳамлаи террористӣ 44 нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркише, ки аз ҷониби террористи маргталаб дар музофоти Хайбар — Паҳтунхва дар шимолу ғарби Покистон ба кор дароварда шуд, 44 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар маҷруҳ гардиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи Dawn бо истинод ба вазири тандурустии Хайбар — Паҳтунхва Риёз Анвар хабар додааст.
Қаблан шабакаи телевизионии Geo News дар бораи 40 нафар фавтида ва беш аз 200 нафар осебдидагони ҳамлаи террористӣ иттилоъ дода буд. Онҳо дар дараҷаҳои гуногуни вазнинӣ қарор дошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Таркиш тахминан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, замоне рух дод, ки яке аз роҳбарони ҳизб дар назди қариб 400 нафар тарафдорон суҳбат менамуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






