Дар шаҳри Хоруғ таҳкурсии пули дарозтарини мошингузар гузошта шуд

Июль 30, 2023 10:00

ХОРУҒ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бунёди калонтарин  пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд  бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои  нақлиёт  ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр оғоз гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.

Бунёди ин иншоот дар чаҳорчӯби сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ амали мешавад. Марҳилаи чоруми «Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи марказӣ» дар шаҳри Хоруғ  моҳи июн  оғоз гардида, дар айни ҳол сохтмончиён  ба сангчинӣ дар дохили қафасҳои симин оғоз намудаанд. Тибқи нақшаи сохтмонӣ, ин деворҳои  симтӯрдор бо баландии аз 9 то 12 метр  дар ду қабат сохта хоҳанд шуд ва дохили қабатҳои симтӯр аз   регу хок  пур мешавад, ки усули наву босифати бунёди пулҳои муосир маънидод мегардад.

Фармоишгари сохтмони мазкур Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкори иншоот Ширкати роҳсозии Чайна  Роуд  мебошад.

Ба иттилои муҳандиси сохтмон  Тсао Сяо Ян, дарозии пул 200 метр буда, паҳноии он  15 метрро ташкил медиҳад, ки аз он 10 метрро роҳи мошингард ва панҷ метрро роҳи пиёдагарди ду тарафи пул ташкил медиҳанд. Замину боғот ва хоҷагиҳои шахсие, ки дар  масири сохтмони ин пул қарор доштанд, пурра аз маҳали сохтмон кӯчонида  шуданд.

Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ қарор аст, ки дар зери пули мошингузар барои пиёдагардон  низ пул бунёд гардида, дар маҷмуъ барои пайваст шудан ба   роҳи асосӣ 1 километру 90 метр роҳу пул бояд сохта шавад.  Мутобиқи нақша, рӯзҳои наздик барои сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ  техникаи иловагии корӣ, аз ҷумла 10  нақлиёти  калонҳаҷми худрез, 6 экскаватор, 6 боркунаки фронталӣ, 2 обкаш, 2 грейдер  ба кор ҷалб мегарданд.

Дар назар аст, ки дар муҳлати дуюним сол  дар шаҳри Хоруғ калонтарин пули мошингузар мавриди истифода қарор гирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 30, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд