Дар шаҳри Ҳисор коргоҳи хурди дӯзандагӣ барои маъюбон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ғамхорию дастгирии Пешвои миллат нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд дар маркази шаҳри Ҳисор барои занону духтарони маъюб коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки коргоҳи дӯзандагӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, дастгирии Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон ва маъмурияти бозори
«Самоҳ» бунёд гардида, бо таҷҳизоти дӯзандагӣ таъмин гардидааст.
Ҳамзамон дар шаҳр барои раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони шаҳр утоқи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва ба истифода додани утоқи корӣ ба раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони шаҳр муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор, раиси Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, намояндаи Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон ва директори бозори «Самоҳ» иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ барои бо кор таъмин шудани духтарон ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






