Дар шаҳри Ню Йорк лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дастгирӣ ёфт
ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ ва муовини Вазири Девони корҳо оид ба рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб имконияти васеи сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди мамлакатро муаррифӣ намуда, ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони НБО «Роғун» ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, объёрӣ ва тағйирёбии иқлим дархост ба амал овард, ки аз он ҷониб дастгирӣ ёфт.
Ҷониби АМА дар навбати худ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Барномаи давлатии АМА оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадами идоракунии давлатӣ, ки ба тақвияти иқтидори мақомоти давлатӣ, институтҳо ва шахсони инфиродӣ равона шудааст, даъват намуд.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби АМА барои даъват ба ҳамкорӣ оид ба ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 28) миннатдорӣ намуда, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар ин самт изҳор намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






