Дар шаҳри Тзинхуаи Чин барои роҳбарони ниҳодҳои журналистии давлатҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» машғулият доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 31 июл дар шаҳри Тзинхуаи музофоти Чжетзяни Чин барои роҳбарони ниҳодҳои журналистии давлатҳои ҳавзаи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» машғулият баргузор мешавад, ки дар он намояндаи АМИТ «Ховар» низ иштирок менамояд.
Машғулият бо мақсади баланд бардоштани зарфияти ниҳодҳои журналистии давлатҳои ҳавзаи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ва савияи дониши кормандони соҳавӣ доир мегардад.
Иштирокчиёни машғулият имкон пайдо менамоянд, ки савияи дониши худро тақвият бахшида, бо равандҳои нави соҳа шинос шаванд ва дар соҳаҳои гуногун табодули таҷриба намоянд.
Ҳамчунин саёҳати иштирокчиёни машғулият ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии музофоти Чжетзян дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






