Дар шаш моҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Суғд ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст

Июль 15, 2023 17:12

ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати якуми июли ​ соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи ​ 4 миллиард​у 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш ​ нисбат ба ҳамин ​ давраи соли гузашта 115,0 фоиз таъмин гардидааст.​ Ин нукта 14 июл ​ дар ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд таҳти раёсати роҳбарияти вилоят бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят​ дар шаш моҳи соли равон иброз гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, тибқи сохтори кишти тасдиқгардида, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 280 315,1 гектар зироат кишт шудааст.​

Ҳамзамон дар ҷаласа вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг,​ занону кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ низ маълумот ироа гардид.

Роҳбарияти вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои таъмини рушди соҳаи саноат ва истифодаи имконияту иқтидори мавҷуда, зиёд намудани коркарди меваю сабзавот,​ омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва захираи маводи сӯхт барои соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва маориф, таъмини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои ҷавон, рушди сайёҳӣ, дар муҳлати муқарраршуда гузаронидани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятсодиркунӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат барои бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори он дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 15, 2023 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид