Дар Суғд бо соҳибкорони Корея масоили ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун баррасӣ гардид

Июль 17, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд рушд ёфта, бо истифода аз имконият ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Дар вилоят дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамасола садҳо корхонаи нав бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин давлат метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд. Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, ҷуворимакка ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Ҷониби Корея иброз намуд, ки мақсад аз сафар- тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Корея омода аст саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июль 17, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид