Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва соҳибкорон таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис доани ниҳоди Омбудсмени соҳибкорӣ дар ниҳоди худ шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкоронро таъсис дод. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода 26 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Иброз гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳамкорони рушд фаъолиятро дар самтҳои мазкур густариш дода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар дастгоҳи Ваколатдор 2 шуъбаи нав- шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкоронро таъсис дода, фаъолияти мунтазами онро ба роҳ мондааст.
Иттилоъ дода шуд, ки новобаста ба муҳлати кӯтоҳи ба фаъолият оғоз намудани шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда истодааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






