Дар вилояти Суғд «Озмуни дастархонороӣ» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ моҳи июл дар вилояти Суғд «Озмуни дастархонороӣ» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Даври вилоятии озмун ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ, фарҳанги рузгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо гузаронида хоҳад шуд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд






