«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар Хуҷанд даври вилоятии озмун доир шуд

Июль 28, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар он мақоми аввалро кадбонуҳои шаҳри мазкур соҳиб гардида, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар даври вилоятии озмун ғолибон аз шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар натиҷа ҷойи сеюм ба шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен,​ ҷойи дуюм ба шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент насиб гардид.

Ғолибони озмун бо сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд. Инчунин барои бо сифати баланду харҷи кам оростани дастархон ба намояндагони якчанд ҷамоати шаҳру ноҳияҳо​ сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.​

Иброз гардид, ки миллати тамаддунсози тоҷик яке аз қадимтарин сокинони Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, на танҳо дар бахши омодасозии таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати хосса дорад. Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо санъати миллии хосса аз лиҳози усули оростани хон ва истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ҷаҳон беназир аст.

Ҳадафи озмуни мазкур​ таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.​​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 28, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад