Деҳқонони ноҳияи Нуробод дар Душанбе намоиш –фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе намоиш-фурўши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Нуробод доир гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад.
Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ноҳияи Нуробод ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар намоиши мазкур деҳқонони ноҳияи Нуробод маҳсулоти кишоварзиро бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурўш гузоштанд. Дар ин ҷо занбўриасалпарварони ноҳия асалҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро пешниҳоди харидорон намуданд. Сокинон бо истифода аз фурсат маҳсулоти кишоварзиро дастрас намуда, баҳри чунин шароит ба роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ









ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






