Дувоздаҳ нафар бар асари фурӯ рафтани биноҳо дар шимоли Миср ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе бар асари фурӯ рехтани биноҳо дар музофотҳои Искандария ва Буҳайраи шимоли Миср 12 нафар ҳалок ва 11 тани дигар маҷруҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии расмии ин кишвар МЕНА хабар додааст.
Дар музофоти Буҳайра бар асари фурӯ рехтани як бинои ҳаштошёна дар шаҳри Рашид ду нафар ҳалок ва 9 нафар маҷруҳ шуданд.
Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон аз зери харобаҳо идома дорад, хабар медиҳад агентии MEHA.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар натиҷаи фурӯ рафтани бинои 13 — ошёна дар Искандария 10 нафар ба ҳалокат расиданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






