Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо чанд китоби нав бо ҳуруфоти брайлӣ пурра гардид

Июль 1, 2023 17:53

ДУШАНБЕ, 01.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо чанд китоби нав бо ҳуруфоти брайлӣ пурра гардид. Яке аз ин китобҳо повести «Мактаби кӯҳна»-и Устод Садриддин Айнӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Устод Садриддин Айнӣ повести «Мактаби кӯҳна»-ро соли 1936 навишт ва тавре аз номаш ҳам пайдост, дар бораи таълиму тарбия дар Аморати Бухоро, ки худи устод таҳсилкардаи он буд, ҳикоят менамояд.

Дар китоб лаҳзаҳое инъикос шудаанд, ки худи муаллиф шоҳиди он будааст.

Ин китоб аз замони навишта шудан то кунун борҳо чоп шудааст. Аммо он барои нобиноён дастрас набуд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 1, 2023 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд