ХИЗМАТРАСОНИИ МАҶМУӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК. Дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод сохтмони иншооти тиббӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти тиббии ноҳияҳои Рашт ва Файзобод, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд амалӣ гардида истодааст, шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.
Гуфта шуд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии лоиҳа бо суръати баланд ҷараён дошта, дар назар аст, ки дар ноҳияи Файзобод маркази ташхису табобат, бинои беморхонаи марказӣ, бинои шуъбаи таваллуд мавриди навсозӣ ва таъмири куллӣ қарор дода шаванд. Ҳамзамон дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд ҷараён дорад.
Дар ноҳияи Рашт сохтмон ва таъмиру тармими 4 бино, сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шудааст. Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани лоиҳа дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар қатори дигар самтҳои муҳим сохтмони беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мшавем, ки Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, ба боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст. Ҳадафи аслии фаъолияти лоиҳаи мазкур- беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмуии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






