Хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO 2023» сазовори ҷойи сеюм шуд

Июль 15, 2023 11:25

ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 8 Литсейи хусусии тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор Олимҷон Тухтаров дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO 2023» аз фанни математика  иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиадаи мазкур аз 2 то 13 июл дар шаҳри Чибаи Ҷопон баргузор гардида, дар он 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуданд.

Олимпиадаи мазкур яке аз бонуфузтарин озмуни илмӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар он хонандагони зиёда аз 112 давлати дунё иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар  Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

Ҳамин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.

Ин дастовард шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2023 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд