Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 8 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.
Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консерти пианинанавози машҳур 7 июл, соати 19:00 ва барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва соати 11:30 муколама байни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия доир карда мешаванд.
Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ, сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шуруъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






