Имрӯз даври якуми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид

Июль 1, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 01.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 1 июл даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшуда оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1129 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1 июл дар 42 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд.

Соли 2023 низ, чун солҳои гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад. Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Июль 1, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд