ИМРӮЗ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ГЕПАТИТ. Роҳи асосии пешгирии ин беморӣ риоя кардани ҳолати гигиенӣ ва санитарӣ аст

Июль 28, 2023 10:27

ДУШАНБЕ,  28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар бисёр давлатҳо Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо гепатит эълон шудааст. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), дар ҷаҳон тақрибан 2 миллиард нафар гирифтори бемории гепапит мебошанд, яъне ҳар сокини сеюми сайёра- 325 миллион нафар бо гепатити вирусии В ё С зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол аз гепатити вирусии В 900 ҳазор нафар мефавтанд. Дар баъзе давлатҳо қисми зиёди аҳолӣ гирифтори гепатити вирусии А буда, даҳяки сокинон интиқолдиҳандагони гепатити В ва С мебошанд.

Гепататит ё зардпарвин чӣ гуна беморӣ аст?

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, зардпарвин аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб шуда, кас дар синни гуногун ба ин касалӣ гирифтор шуда метавонад. Барангезандаи ин беморӣ асосан вирусҳое мебошанд, ки дар таркиби хуни инсон ба харобкорӣ сар мекунанд. Гирифторӣ ба касалии зардпарвин дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ бештар ба назар мерасад.

Аломати беморӣ чӣ гуна аст?

Аломатҳои ин беморӣ аз қайкунӣ, дарди шикам, дарунравӣ, беобӣ ва зардшавии пӯст ё чашм иборат мебошанд. Беморон инчунин дар хуни худ сатҳи баланди ферментҳои ҷигар доранд, ки ин илтиҳоб ё осеби ҷигарро нишон медиҳад.Вақте ин нишонаҳо дар нафари бемор мушоҳида шаванд, бояд зуд ба табиб муроҷиат намояд. Агар ин нишонаҳоро инсон нодида гирад, сипас нишонаҳои дигар: ҳисси вазнинӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб аз осеб ёфтани ҷигар дарак дода, инчунин дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешаванд. Дар натиҷаҳои ташхиси махсуси озмоишгоҳӣ (дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба вируси гепатити А, С, D, Е, антигенҳои вируси гепатити В) ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор мушоҳида мешаванд.

Чанд навъи гепатит мавҷуд аст?

Худи зардпарвин ҳолати хатарнок нест, балки нишонаи беморӣ ё бемории вазнинтар аст. Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.Ба гуфти табибон, гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-39 дараҷа баланд шуда, то 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин ҳисси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ ва ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е мисли гепатити А ҷараён мегирад. Агар ба он занони ҳомила гирифтор шаванд, оқибати хеле вазнин дорад. Дар ин ҳолат зан бояд ҳомиладории худро ҳатман қатъ намояд, чунки тифли батнаш низ аз ин беморӣ сироят мешавад.

Бемории гепатитро чӣ гуна метавон пешгирӣ намуд?

Зардпарвини вирусӣ беморие аст, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо- риоя кардани ҳолати гигиенӣ ва санитарӣ аст. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, тез-тез дастҳояшонро бо собун шустушӯ кунанд ва хӯрокро хуб пазанд.

Меваҷот, аз ҷумла тарбуз, сабзавот, маҳсулоти ширӣ барои зардпарвин дармони хуб мебошанд. Инҳо иштиҳоро афзуда, хусусияти пешоброниро зиёд мекунанд. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка низ ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.

Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.

Тавре ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, барои пешгирии паҳншавии вируси гепатит ба ҳамаи мутахассисони соҳаи тиб супориш дода шудааст, ки ҳангоми кор бо беморон чораҳои профилактикиву санитариро риоя намоянд. Аз ҷумла, бо мақсади бемор нашудани худи табиб ва дигар беморон ҳар духтур   бояд дастпӯшаки махсус, даҳанпӯш ва асбоби якдафъаина истифода намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 28, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид
Дар Тоҷикистон скутерҳо ба қайд гирифта шуда, бо рақами давлатӣ таъмин карда мешаванд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ТИКА баррасӣ гардид
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 17 то 20 январ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад
ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад