ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Кормандони ин мақомот бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Тоҷикистон Рӯзи таъсиси мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони ин мақомот ҳамоишу мулоқот ва чорабиниҳои дигари маърифатию иттилоотӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мақомоти ягонаест, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ мегардонад. Риояи қонунияту таъмини тартибот дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти кормандони соҳаи мазкур алоқаманд аст.
Мусаллам аст, ки сол то сол бо назардошти рушди ҷамъият, афзун гаштани аҳолӣ ва зиёдшавии шумораи воситаҳои нақлиёт талабот ба таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳо ва ташкили назорат аз ҳолати техникӣ ва истифодаи дурусти онҳо низ меафзояд.
Кормандони бозрасӣ пайваста аз пайи иҷрои вазифаи пурмасъули худ буда, шабонарӯзӣ хизмат мебаранд, то теъдоди қоидавайронкунӣ байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ кам гардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои баланд бардоштани мақоми корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ шароити мусоидро фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардида, онҳо бо техникаю таҷҳизоти муосир, нақлиёти замонавӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин гардиданд.
Маҳз дар ин солҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даҳҳо биноҳои хизматӣ бунёд гардида, нозирони роҳ бо нақлиёти хизматӣ ва воситаҳои корӣ таъмин шуданд. Ҳуҷраҳои кории кормандон таъмир ва бо навтарин технологияи ҳозиразамон таҷҳизонида шуданд.
Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳо дастгоҳҳои наворгиранда дар доираи «Шаҳри бехатар» насб карда шудааст, ки ин барои ба қайд гирифтани қоидавайронкунӣ ва дигар ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мусоидат менамояд.
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар роҳ байни ронандагону пиёдагардон ва кӯдакону наврасон ҳар гуна чорабиниҳои иттилоотиро роҳандозӣ менамоянд, амалиёти «Автобус», «Пиёдагард», инчунин озмуни «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кўдакон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт, дар асоси талаботи қонуну қарорҳои мавҷудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
АКС: манбаъҳои боз








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






