Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои наҷоти кӯҳнавардони хориҷӣ амалиёти махсус анҷом дод

Июль 25, 2023 15:37

ДУШАНБЕ, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти кӯҳнавардони хориҷӣ ду амалиёти махсус  анҷом дод.

20 июл, соати 15:30 ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расид, ки ду кӯҳнаварди хориҷӣ – шаҳрвандони Британия – Майкл Алан Фоулер, соли таваллудаш 1956 ва Саймон Андрев Йейтс, соли таваллудаш 1963, барои фатҳи қуллаи Патхор, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Патхори Ҷамоати деҳоти Ванкали ноҳияи Шуғнон баромада, аз баландӣ сарозер шуда, ҷароҳат бардоштанд ва ба кумак ниёз доранд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавқеи ҷойгиршавӣ ва макони суқути кӯҳнавардонро муайян карда, ба кумак рафтанд.

Наҷотдиҳандагони Кумита 22 июл, соати 18:00 бо истифода аз замбурак Майкл Алан Фоулерро ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон бинобар эҳтимоли шикастани сутунмӯҳраи Саймон Андреев Йейтс дар баландии 4184 метр дар наздикии қуллаи Патхор ҳамроҳи ӯ монданд. Пас аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба фуромадан шуруъ карданд.

24 июл, соати 21:50 гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумита ӯро дар деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон ба баландии 3277 метр фуроварда, шабро дар он ҷо сипарӣ намуда, субҳи 25 июл ҳаракатро идома доданд.

Қарор аст баъд аз зӯҳри имрӯз онҳоро тавассути чархбол ба шаҳри Душанбе интиқол диҳанд.

Ҳамзамон 22 июл, тахминан соати 16:28 гурӯҳи кӯҳнавардони маҳаллӣ дар ҳайати панҷ нафар аз Федератсияи Русия барои фатҳи қуллаи кӯҳ ба шаҳраки Поймазори ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтаанд. Ҳангоми фатҳи қуллаи яке аз кӯҳҳо шаҳрванди Федератсияи Русия Герман Яртсев, соли таваллудаш 1973 аз эҳтимоли пайдо шудани бемории шуш шикоят кардааст. Роҳбари гурӯҳ – Яна Уляничева барои кумак ба Кумита муроҷиат кардааст. 24 июл панҷ сайёҳи рус тавассути ҳавопаймои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол ёфта, ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интиқол дода шуданд. Герман Яртсев бо мошини ёрии таъҷилии Госпитали ҳарбии Кумита ба бемористони «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе интиқол ёфт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2023 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид