Норак: Ғолибони олимпиадаи байналмиллалӣ ба истироҳатгоҳи «Артек»-и шаҳри Сочӣ роҳхат гирифтанд

Июль 11, 2023 16:15

ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и шаҳри Норак Ҳавасмоҳ Исоева ва Роҳел Ғуломова, ки аз ҷумлаи ғолибони олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони русӣ мебошанд, барои истироҳат ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Ҳавасмоҳ Исоева хонандаи синфи 9 ва Роҳел Ғуломова хонандаи синфи 7-и мактаби №3-и шаҳри Норак буда, барои хониши аъло ва ғолибияташон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳи «Артек» — и шаҳри Сочии Федератсияи Русия гаштанд. Онҳо дар «Артек» истироҳат намуда, дар ин ҷо бо ҳамсолони худ аз Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик шиносоӣ пайдо менамоянд, ки барои боз ҳам васеъ гаштани ҷаҳонбинии онҳо ва афзудани шумораи дўстонашон мусоидат менамояд.

Дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб шудаанд, пайваста қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳамчунин волидайн ва омўзгорони хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд, ҳавасманд гардонида мешаванд.

«Ин амал як воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас мебошад», — тазаккур доданд дар ин Раёсат.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Июль 11, 2023 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд