ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД. 1 км роҳи асосии деҳаи «Ҷовидон»-и шаҳри Турсунзода асфалтпӯш мегардад
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи «Ҷовидон»-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори баномуси ин диёр Умаралӣ Сафаров ният доранд, ки қариб 1 км роҳи асосии маҳалларо асфалтпӯш намоянд. Ҳоло корҳои ҳамворкунии роҳҳо ва васеъ намудани ду пули деҳа муташаккилона идома дорад.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Ташаббусҳои неку созандаи аҳли ин деҳа ба ободии маҳали зист ва дар руҳияи созандагию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон равона гардидаанд.
Дар назар аст, ки дар наздиктарин фурсат роҳи байнидеҳавӣ бо иқдоми соҳибкори саховатпеша ва сокинони ҷамоати деҳот бо сифати баланд асфалтпӯш гардад. Бояд гуфт, ки роҳҳои деҳаи мазкур ҳатто дар замони пеш аз соҳибистиқлолӣ низ асфалтпӯш нашуда буданд. Ин иқдом орзуи чандинсолаи мардуми деҳаро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 4-ишаҳри Турсунзода тибқи нақша 3 гурӯҳ ва 2 майдончаи варзишӣ таъмир гардида, қисмати берунии боғча низ рангу бор шуд. Инчунин шиору овезаҳо иваз гардида, масъулин 30 кати замонавӣ ва рӯйпӯшҳо хариданд.
Тибқи иттилои мудири кӯдакистон Фируза Собирова, дар давраи солимгардонӣ байни кӯдакон бозиҳои гуногуни шавқовар гузаронида шуда, ҳамзамон таъмири ҷории боғчаи мазкур идома меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода












35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






