ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ. Оид ба он дар Шаҳринав бо кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо роҳбарон ва муҳосибони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Вохӯрӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ доир шуда, дар он масъулон доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», вобаста ба омилҳои бавуҷудоварандаи амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои самарабахши мубориза бо коррупсия изҳори андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия ба ҳар шаҳрванд, бахусус омӯзгор ва зиёӣ сахт вобаста аст. Онҳо бояд барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ фаъолнокӣ нишон дода, дониш ва неруи худро ба ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ равона созанд. Решакан намудани амалҳои коррупсионӣ кори дастҷамъона мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






