Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим» бо усули меъмории замонавӣ бунёд ёфта, аз чор ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ, маъмурият, ҳуҷраи кормандон, 3 ҳаммоми замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, ҳаммоми усули туркӣ, дар ошёнаи сеюм қаҳвахона, утоқи мураббиёни варзиш, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи чорум 11 ҳуҷраи мехмонхона ҷойгир аст.
Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо усули хоси аврупоӣ ва миллӣ сохта шуда, барҳавою зебо ва наззаррабо мебошанд.
Сохтмони бинои меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузошта аст.
Корҳои сохтмонии иншооти мазкурро 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додаанд. Барои бунёди меҳмонхона ва биноҳои ёрирасони он беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар иншооти нави соҳибкори ватанӣ беш аз 20 сокини ноҳияи Мастчоҳ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Бинои маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим» тибқи лоиҳаи ҷолиб, бо истифода аз усулҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва бо омезиши унсурҳои миллӣ сохтаю оро дода шуда, қабулгоҳ, долонҳо ва ҳуҷраҳо бо мебелу таҷҳизоти муосир, мизу курсиҳои замонавӣ, роҳаткурсиҳо, ҷевонҳо, асбобу лавозимоти меҳмондорӣ ва дигар лавозимоту таҷҳизот мутобиқ ба стандарт муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки хизматрасониҳо дар як вақт то ба 100 нафар меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба соҳибкори ватанӣ барои чунин саҳму иқдоми шоиста баҳои арзанда доданд ва таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ташаббусҳои созандаи соҳибкорони ватандӯстро ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Тибқи лоиҳа ва талаботи меҳмонону сайёҳон, ба ҷойгиркунӣ ва сохту усули ҳаммомҳо ва гармобаҳо таваҷҷуҳи хоса дода шудааст.
Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим» дар шафати шоҳроҳи «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ» бо дарназардошти рафту омади зиёди меҳмонони дохилу хориҷӣ сохта шуда, дар баробари муаррифии имконияти сайёҳӣ барои меҳмонон шароити хуби истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.
Маҷмаа дорои шароити замонавии шуғл варзидан ба намудҳои варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ мебошад. Бо ин мақсад дар маҷмаа варзишгоҳи болопӯшида, толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва нуқтаҳои машқу тамрин бо таҷҳизоти муосири варзишию солимгардонӣ бунёду муҷаҳҳаз гардидааст.









СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






