Робитаҳо байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Чин мустаҳкам мегарданд

Июль 26, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Робитаҳо байни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мустаҳкам мегарданд. Ин масъала зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд, хабар медиҳад, АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Ҳар ду ҷониб доир ба ҷудо намудани бурсияҳои таҳсил, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони чинӣ, омӯзиши фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва робитаҳо байни муассисаҳои таълимии ду давлат изҳори назар намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд менамояд.

Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (1 феврали соли 2002), Протоколи иловагӣ ба Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (15 январи соли 2007) ба роҳ монда шудааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад