Саммити навбатии Созмони ҳамкории Шанхай 4 июл дар шакли онлайн доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23-умин саммити Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай 4 июли соли 2023 дар шакли онлайн доир карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон хабар медиҳад.
Саммити мазкур таҳти раёсати Ҳиндустон бори аввал баргузор мегардад. Барои иштирок дар он ҳамаи давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон даъват шудаанд.
Ҳамчунин Беларус ва Муғулистон ба ҳайси давлати нозир ва Туркманистон ба сифати меҳмон даъват гардидаанд.
Дар саммит роҳбарони ду ниҳоди Созмони ҳамкории Шанхай — котибот ва сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, инчунин роҳбарони шаш созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Ассотсиатсияи давлатҳои Ҷанубу Шарқии Осиё (АСЕАН), Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд намуд.
Ёдовар мешавем, ки Саммити қаблии Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд доир гардида буд. Аз рӯи натиҷаҳои он сарони давлатҳо ёддошти уҳдадории Эронро дар робита ба шомилшавии он ба созмон ба имзо расониданд ва ҳамзамон раванди ба узвият пазируфтани Беларус оғоз гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






