«Саноатсодиротбонк» ва Бонки Осиёии рушд ҳамкориро тавсеа мебхшанд

Июль 7, 2023 10:51

ДУШАНБЕ, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июл дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо ҳайати Бонки Осиёии рушд мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Дар мулоқот оид ба натиҷаҳои фаъолияти «Саноатсодиротбонк»  ва лоиҳаҳои муштараки татбиқшаванда бо Бонки Осиёии рушд маълумот дода шуд.

Дар идома ҷонибҳо масоили васеи ҳамкорӣ, аз ҷумла масъалаҳои «маблағгузории сабз ва иқлимӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид карда шуд, ки дар замони муосир нақши чунин воситаи маблағгузорӣ барои паст намудани партовҳои карбонӣ ва ба ҳамин васила устувор нигоҳ доштани иқлими чаҳонӣ назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар интиҳо ҷонибҳо аз рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак иҳзори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тавсеаи бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Июль 7, 2023 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд