Саридораи геологияи Тоҷикистон ба 100 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчидан пешниҳод додааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи лоиҳаи “Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ барои солҳои 2020-2025” дар 169 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронид. Дар натиҷа ба 100 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан пешниҳод дода шуд. Дар ин маврид Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе – 5 мавзеъ ва кӯча, Роғун – 24 деҳа, Турсунзода – 1, Кӯлоб – 2, Панҷакент -5, Конибодом – 1, Хоруғ — 1, ноҳияҳои Варзоб – 1, Рашт – 1, Нуробод – 2, Файзобод – 5, Данғара – 5, Ҳамадонӣ – 1 , Хуросон – 7 , Қубодиён – 12, Шаҳритус – 15, Дӯстӣ – 11, Носири Хисрав – 6, Абдураҳмони Ҷомӣ – 20, Панҷ – 15, Вахш – 17 , Деваштич — 1, Айнӣ — 2, Кӯҳистони Мастчоҳ — 2, Ашт — 3, Шаҳристон — 2 ва Дарвоз– 1 деҳа гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси дархостҳо соли 2021 мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 886 деҳа, маҳалла ва кӯчаҳои шаҳру навоҳии мамлакат тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида, ба 231 хоҷагӣ тавсия доданд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба маконҳои амн кӯч банданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






