Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии ҶДММ «Папирус»-ро ба истифода доданд

Июль 6, 2023 09:56

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд, таъмин гардидааст.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид маҳсуб меёбад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба маҳсулоти истеҳсолшуда ва фаъолияти коргарон баҳои баланд дода, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамин замина афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулот ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо дарназардошти талаботи замони муосир дар масоҳати наздик ба якуним гектар замин бунёд ёфта, ҳамчунин дорои дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Рушди соҳаи саноат, баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, таъмин намудани сокинони мамлакат бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизотӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамин аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маротиб афзоиш меёбад.

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд 06.07.2023

Июль 6, 2023 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд