Соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 338 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд

Июль 5, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 338 нафар бо дипломи аъло ва интизоми намунавӣ хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 39 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин муносибат 5 июл дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисоди мамлакат саҳми арзанда дорад.

«Умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд» – изҳор дошт Ректори донишгоҳ.

Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.

Таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва Ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супорид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 299 нафар бо дипломи аъло хатм намуда буданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июль 5, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд