«ТАЪРИХИ ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ИЛМ». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳти чунин унвон китоб ба нашр расонида шуд

Июль 22, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Нури маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Хуҷанд китоби «Таърихи тоҷикон дар оинаи илм»  ба нашр расонида шуд. Асари мазкур ба 115- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бахшида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳ хабар медиҳад.

 Мураттиби китоб доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонзода мебошад. Дар ҳошияи унвони китоб чунин сабт шудааст: «Бахшида ба 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров ва ба ифтихори Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон -оинаи таърихи миллат» ба табъ мерасад».

Зимни муаррифии китоб дар саҳифаи шиносномаи он таъкид мешавад, ки «китоб шомили номгӯи асару мақолаҳои олимони ватаниву хориҷӣ дар бораи таърихи қадим ва муосири халқи тоҷик буда, аз рӯи сол ва забон дастабандӣ шудааст. Он барои истифодаи муҳаққиқони таърихшинос, шарқшинос, забоншинос, адабиётшинос, пажуҳандагони таърихи илм ва кулли дӯстдорону иродатмандони таърихи бошукуҳи миллат таҳия гардидааст».

Асари мавриди назар барои иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» роҳнамои судманд ба шумор рафта, имконият медиҳад, ки тавассути мутолеа ва истифодаи он ба аксар манобеи муҳим ва сарчашмаҳои омӯзиши таърихи гузаштаву имрӯзаи миллат дастрасӣ пайдо гардад.

Дар китоб 4144 асару мақолаҳои донишмандони ватаниву хориҷӣ тавсифи мухтасари китобшиносӣ шудаанд, ки заҳмати мураттиби онро дар фароҳамоварӣ, тасниф ва муаррифии онҳо шарҳу тафсир мекунанд.

Аз назари сохторӣ китоб дар умум 12 бахшро фаро гирифтааст. Дар оғози он Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҷой дода шудааст.

Нахустин бахши китоб «Осори Пешвои миллат марбут ба таърих, фарҳанг, адабиёт ва шинохти чеҳраҳои таърихӣ» унвон гирифтааст, ки дар он муҳимтарин таълифоти арзишманди Сарвари давлат дар бораи таърихи қадим ва ҷадиди тоҷикон муаррифӣ шудаанд.

Бахши дуюми китоб маҷмуи сарчашмаҳоеро фаро мегирад, ки бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шудаанд.

Мураттиб нахуст китобу осори нашршуда бо ду забонро таснифу тавсиф карда, баъдан мақолаҳоро бо ин забонҳо муаррифӣ кардааст.

Қисмати савуми китоб ҳовии кутубе аст, ки вобаста ба таърихи халқи тоҷик дар забони тоҷикӣ таълиф шудаанд. Бо ҳамин шева китобу мақолоти марбут ба таърихи халқи тоҷик то давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи забон ва нашр дар маҷаллаву рӯзномаҳо (бахши мақолот) тасниф ва тавсифи мухтасари китобшиносӣ шудаанд.

Бояд  таъкид кард, ки мураттиби китоб қабл аз таҳияи он давоми чанд соли охир силсилаи осори арзишманди илмӣ, дастури таълимӣ роҷеъ ба таърихи давлатдории Сомониён, хидматҳои бузурги Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва амсоли инро ба қалам овардааст. Ин гуна пажӯҳишоти қобили таваҷҷуҳ барои омода намудани чунин китобномаи муҳим заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Июль 22, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд