ТАВАҶҶУҲ! Маркази милллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳои қисмҳои А ва Б-ро муайян намуд

Июль 6, 2023 12:10

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок намуда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, бояд то 9 июл аз нав ариза пешниҳод намоянд.

Ба иттилои марказ, тибқи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо 12  июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Вобаста ба ин, ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштироки довталаб дар даври иловагии ИМД бояд пешакӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумурӣ ё тавассути барномаи мобилии «Амонатмобайл» (то 9 июл) пардохт карда шавад.

Варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1 то 7 июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб, аз ҷумла насаб, ном ва номи падар дар шакли пурра тибқи шиноснома ва ҷойи истиқомат, инчунин рақами расиди бонкӣ дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаи довталаб илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (то 9 июл, аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (то 7 июл аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Ҳарчанд дар ариза қайд кардани рақами расиди бонкӣ кофист, лекин довталаб метавонад ба ариза расиди бонкӣ ё нусхаи онро замима кунад.

Довталабон метавонанд аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ низ ба Марказ (office@ntc.tj) пешниҳод намоянд. Дар ин сурат довталаб бояд варақаи аризаро аз сомонаи Марказ чоп ва онро тибқи талаботи дар боло зикргардида пур кунад, баъдан аризаи пуркадаашро тавассути намогир (сканер) намобардорӣ карда, ба Марказ фиристад.

Маълумоти бештарро довталабон метавонанд аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.ntc.tj»  дастрас намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 6, 2023 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд