ТОҶИКИСТОН ВА ҶОПОН. Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Хова»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳи мазкур.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар робита ба 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон, баргузор намудани машваратҳои илмӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос табодули афкор намуданд.
Дар идомаи мулоқот вобаста ба ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) ва дар ин замина таҳким бахшидани ҳамкории илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон андешаҳои судманд баён гардиданд. Зимнан таъкид шуд, ки дар назар аст роҳбарияти асосии Агентии мазкур ба Тоҷикистон омада, бо ҳайати донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ намояд.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пазируфта шуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани он таклифҳои судманд ироа шуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






