Вазорати кишоварзӣ: Бо татбиқи имтиёз ба соҳаи парандапарварӣ шумораи корхонаҳо ба 222 адад расид
ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи амалии имтиёзҳои ҷоринамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи парандапарварӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Аз 65 корхонаи парандапарварие, ки соли 2017 фаъолият мекарданд, бо ҷорӣ гардидани имтиёз дар Тоҷикистон шумораи онҳо ҳоло ба 222 адад расидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Вазири кишоварзӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 феврали соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати 6 сол, инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардид. Ҳамзамон татбиқи амалии имтиёзҳои мазкур ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 222 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст. Аз ҷумла, 100 корхона ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеъмолӣ машғул мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






