Амалиёти навбатӣ барои наҷоти кӯҳнавардони рус анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 август Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҳлияи кӯҳнавардони русро ба шаҳри Душанбе, ки ҳангоми фаромадан аз қуллаи Корженевская ҷароҳат бардошта буданд, оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
18 августи соли 2023 ҳангоми фуромадани 13 кӯҳнаварди рус аз қуллаи Корженевская (7105 метр) як нафари онҳо ба қаъри 300 метр сарозер шуда, маҷруҳ гардид ва се нафари дигар низ ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд. Кӯҳнавардон Олег Персикови 38-сола, сокини вилояти Москваро (бо қабурғаҳои шикаста ва сармохӯрии ангуштон) ба теппаи Москвин бурда, бонги изтироб заданд.
19 август як чархболи ширкати «Сомон Эйр» ҷудо гардид, ки соати 12:54 ба ноҳияи Лахш парвоз намуд ва соати 15:27 аз истгоҳи пойгоҳ дар марғзори Москвин (баландии 4300 метр) осебдидагон ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.
Маҷруҳонро бо мошини ёрии таъҷилии Кумита ба беморхонаи Истиқлол интиқол дода, ба онҳо ёрии тиббӣ расониданд. Ҳоло кӯҳнавардҳо худро хуб ҳис карда, таҳти назорати табибон қарор доранд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






