«АНДАЛЕБ-2023». Пагоҳ даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ оғоз меёбад

Август 10, 2023 19:12

ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 11 то 18 август даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

11 август шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ, 12 август шаҳри Хуҷанд ва  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 13 август ноҳияи Хуросон ва ноҳияи Шуғнон,   14 август шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшон, 15 август ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Мастчоҳ, 16 август ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Файзобод ҳамарӯза соати 18:00 фестивал-озмунро манзури тамошобинони пойтахт менамоянд.

Инчунин  17 август, аз соати 09:00 то 20:00 тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ  ва  18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини фестивал ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2023 19:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст