«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар неругоҳи «Роғун» бо иштироки ҷавонони фаъол ва коршиносони мамлакат ҳамоиш доир шуд

Август 25, 2023 16:54

ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар ҷавонони фаъоли мамлакат ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар намуданд. Дар идомаи сафар ҷавонон ва коршиносону бунёдгарони неругоҳ дар ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат», ки дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» доир шуд, иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин сафар ҷавонон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи «Роғун», махсусан  бо толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо,  сарбанд ва  ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои он шинос шуданд.

Масъулони неругоҳ ҳайати меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос карда, аз саҳми Пешвои миллат дар оғоз ва ҷараёни сохтмони неругоҳ, чӣ гуна баста шудани маҷрои дарёи Вахш аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифтитоҳи ду агрегат бо иштироки Роҳбари давлат ёдовар шуданд.

Сипас ҷавонон, коршиносон ва масъулини неругоҳ дар ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» иштирок ва суханронӣ намуданд. Тазаккур дода шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлолият ҷиҳати некуаҳволии мардуми мамлакат ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст.

Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу Ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон маълум аст.

Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср- лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 10 августи соли равон иброз доштанд, ки бунёди ин неругоҳи бузург на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳал менамояд, балки ба рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт мусоидат менамояд.

«Бинобар ин, такроран таъкид менамоям, ки суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун», дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад», -изҳор намуданд Сарвари давлат.

Бояд тазаккур дод, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳ, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор менамоянд, то имрӯз аллакай зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.

Дар он 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ҳар сол аз ҳисоби хариди мошину техникаҳои пуриқтидори муосир зиёд гардида, ҳоло ба 3443 расонида шудааст.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Неругоҳи барқи обии  «Роғун»  иштирок намуда, ба 30 нафар кормандони ҷавони неругоҳ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Зеро бунёди он ба хотири рушду тараққиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани иқтисоди мамлакат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Шоир барҳақ фармудааст:

Дар синаи кӯҳ санг гавҳар гардад,
Хок аз ҳунари марди ҳунар зар гардад.
Аз хандаи барқи НОБ-и «Роғун» Ватанам
Рахшон шаваду ҷаҳон мунаввар гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври сеюми Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мешавад
Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Президенти Тоҷикистон: «50 фоизи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ба Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷалб шуда буд»
Дар Душанбе пайвастшавии 3300 иншоот ба шабакаҳои гармдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Хатлон бо иштироки 25 оилаи намунавӣ даври вилоятии озмуни «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 55 нафар афсарону сарбозони тоҷик ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардиданд»
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд