АВВАЛИН ТУҲФАИ МОДАР. Дар Тоҷикистон Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳӣ бо шири модар оғоз ёфт

Август 1, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Таҳлилҳои солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳанд, ки  кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотие, ки бахшида ба Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар гузаронида шуд, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев иброз дошт.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз 1 то 7  август дар тамоми ҷаҳон Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар баргузор мешавад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда, аз 1 то 10 август Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар таҳти шиорҳои гуногун гузаронида мешавад. Имсол чорабинии мазкур «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор» унвон гирифтааст, ки то 25 август идома меёбад.  Коршиносон мақсад аз  ин маъракаи тиббиро баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб, ҳамзамон огоҳии аҳолӣ нисбат ба дуруст  ғизо додани кӯдакон арзёбӣ менамоянд.

Тавре сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев иброз намуд, дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ мебошад. Тадқиқот собит намудаанд, ки бемориҳои гуфташуда беш аз ҳама дар байни кӯдакони синни хурд вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд. Сабаби он дар рӯзҳои аввал ва давоми  то 6 моҳи аввали ҳаёти худ бо воситаи иловагии ғизохӯрӣ ва нӯшидан (шиша, пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани ӯ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки  Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ  моҳияти  ин  масъаларо  ба  назар гирифта,  ҳанӯз соли 1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз  соли 1998  сар  карда,  дар  тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст. Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Барномаи миллии коммуникатсионии «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025»-ро таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст. 1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак- ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ ва  ақлонӣ-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Антони Асиҷе мегӯяд, барои ҳар кӯдак синамаконӣ аввалин туҳфаи модар аст. Дар шаш моҳи аввал шири  модар дорои тамоми маводи ғизоии барои кӯдак зарурӣ буда, тифлаконро аз сироятҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда муҳофизат ва   дилбастагии байни модар ва кӯдакро мустаҳкам намуда, бемориҳои музминро дар кӯдакону  модарон пешгирӣ менамояд.  Ҳамзамон сатҳи беморӣ ва фавтро аз маризиҳои марбут ба камғизоӣ коҳиш дода,  иқтидори даромаду маҳсулнокиро дар оянда меафзояд.

«Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона  низ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти асосиро барои ташвиқу тарғиб ҷиҳати болобарии синамаконӣ ва боз ҳам беҳтар шудани шароит равона менамоянд»,- иброз дошт Антони Асиҷе.

Намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Шоира Юсуфова  бар он назар аст, ки таваллуди кӯдак хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз ин  рӯ яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон- гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ  оид ба моҳияти шири модар, тарзҳои дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад. Ӯ мегӯяд, вобаста ба муҳимияти  ин мавзуъ Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар самтҳои болозикр масъулинро дастгирӣ менамояд.

Бо дарназардошти он ки мавзуи имсолаи Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар ба «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор» бахшида шудааст, он аз роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳое, ки дар ин самт фаъолият менамоянд, масъулияти баланди роҳбарӣ ва коргузорӣ талаб менамояд. Инчунин роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳоро зарур аст, ки дар ҷойи кор ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои занони ширмакон ҳаматарафа мусоидат намоянд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд
Барои дар тобистон ба бемории дарунравӣ гирифтор нашудани кӯдакон чӣ бояд кард?
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад