БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор 400 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
ҲИСОР, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд. То имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 400 иншоот аз қабили 7 коргоҳи саноатӣ, 4 иншооти соҳаи тандурустӣ 10 бинои истиқоматӣ, 3 бинои соҳаи маориф 39 маркази хизматрасонӣ, 10 бинои истиқоматӣ, 69 иншооти савдо ва 170 иншооти дигар ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки аз ҳисоби лоиҳаи CASA-1000 дар биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии рақами 61 ва 65 корҳои сохтмонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ дар 25 муассисаи таълимии шаҳр сохтмони 122 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Ҳамчунин сохтмони муассисаи таълимии маҳаллаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор барои 640 нафар ва муассисаи таълимии деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти Сомон барои 280 нафар хонанда оғоз гардидааст.
Иброз гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 108,4 фоиз ва нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101 фоиз иҷро гардид. Рушди соҳаи саноат дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор ба 101,1 фоиз, кишоварзӣ- 102 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 104,4 фоиз, гардиши савдо- 105,5 фоиз ва маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон ба 149,6 фоиз расонида шудааст.
Раиси шаҳри Ҳисор дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба рушди самтҳои дигари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, нақшаю дурнамо барои ба шаҳри муосири саноатӣ табдил додани Ҳисор, омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон посух дод.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






