БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон корҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ оғоз гардид

Август 23, 2023 16:47

ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати вусъати корҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ гурӯҳи корӣ таҳти сарварии роҳбарияти шаҳри Бӯстон бо ҷалби мутахассисон ба кор шуруъ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Аз ҷумла таъмиру барқарорсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, мумфаршкуниву чароғонкунии кӯчаҳо, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва дигар тадбирҳо бомаром идома доранд.

Роҳбари шаҳр ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани корҳои барқарорсозӣ, васлу насли симчӯбҳои канори кӯл ва ба макони сайру истироҳати сокинону меҳмонон табдил додани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ин замина тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёди иншооти таъйиноти гуногун, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, мумфаршкунии роҳҳо, сафолакпӯш намудани кӯчаҳо, чароғонкунӣ, рангубори биноҳои истиқоматӣ ва дигар тадбирҳо ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Август 23, 2023 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд